Март 05, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори вазири хориҷаи Эрон ба аврупоиҳо дар бораи тавофуқи ҳастаӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, сиёсати кишварҳои аврупоӣ барои нигаҳдоштани Амрико дар тавофуқи ҳастаӣ, ба Аврупо зарба хоҳад зад.  

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Эътимод, бо ишора ба шартгузории Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи идомаи БАРҶОМ гуфт: Амрикоиҳо дар шароите нестанд, ки барои кишваре, ки БАРҶОМ-ро ба таври комил иҷро кардааст, шарт бигузоранд.

Зариф гуфт: Амрико ба далели сиёсати худ дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ ва аврупоиҳо ҳам ба далели иҷро накардани тааҳҳудҳои худ ба вижа дар ҳавзаи равобити бонкӣ, ин тавофуқро нақз кардаанд.  

Вай афзуд: Бардошти Эрон ин аст, ки феълан Трамп шиорҳоеро матраҳ карда, ки ҳеҷ кадоми онҳо амалиётӣ нахоҳад шуд, аммо агар ин шиорҳо амалиётӣ шавад, Теҳрон посухи муносибе ба он хоҳад дод.

Зариф бо ишора ба буҳрони Яман гуфт: Агар Аврупо бихоҳад, нақши мусбате дар поён додан ба буҳрони Яман ифо кунад, набояд таҳиякунанда ва ироадиҳандаи силоҳ барои куштори мардуми Яман бошад.