Март 07, 2018 10:11 Asia/Dushanbe
  • Имзои 9 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Эрон ва Русия

Дар поёни чаҳордаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия 9 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ва вазири тавсеаи иқтисодии Русия дар Маскав имзо шуд.

Дар чорчӯби санади поёнии чаҳордаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия, ки сешанбешаб ба имзои Масъуди Карбосиён, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ва Максим Арешкин, вазири тавсеаи иқтисодии Русия расид, тафоҳумномаи коргурӯҳи Вазорати энержии Русия ва Вазорати нафти Эрон барои ҳамкорӣ дар бораи тарҳи лӯлаи гази Ҳинд, Эрон, Покистон, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи заминшиносӣ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи таъмини молӣ ва сармоягузорӣ дар ҳавзаи саноат ва маъдани Эрон, ёддошти тафоҳуми таҳқиқ ва тавсеаи муштарак дар заминаи манобеи зеризаминӣ ва бистари баҳри Хазар баста шуд.

Имзои ёддошти тафоҳуми сармоягузории муштарак дар тарҳҳои барқи ҳароратӣ, ёддошти тафоҳум дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, ёддошти тафоҳуми тавофуқҳои аввалин нишасти ҳамкориҳои муштараки фарҳангӣ, ёддошти тафоҳуми тавофуқоти нуҳумин нишасти коргурӯҳи ҳамкориҳои ҳамлу нақл (тарнзитӣ), тафоҳумномаи сеҷонибаи Эрон, Русия, Қазоқистон дар заминаи транзит ва мубодилаи гандум аз дигар дастовардҳои чаҳордаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия буд.

Ҳайати иқтисодии Эрон рӯзи якшанбе ба раёсати вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон вориди Маскав шуд ва дар сафари серӯза ба Русия, зимни ширкат дар нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ва имзои санади поёнии ин нишаст, бо мақомҳои аршади иқтисодӣ ва сиёсии Русия дидор ва ройзанӣ кард.

Чаҳордаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия панҷум ва шашуми марти соли 2018 дар Маскав баргузор шуд.

 

Барчасп