Март 12, 2018 12:57 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои суқуткардаи Туркия дар Эрон

Муовини сиёсӣ ва амниятии устондори Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ дар ғарби Эрон аз пайдо шудани ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои суқуткардаи Туркия дар ҳаволи шаҳри Курд хабар дод.

Ҷаъфари Мардонӣ дар гуфтугӯ бо Ирно гуфт: Дастури интиқоли ҷаъбаи сиёҳи ин ҳавопаймо барои анҷоми ташрифоти қонунӣ содир шудааст.  

Вай афзуд: Намояндагоне аз Туркия ҳамроҳ бо хонаводаи қурбониён низ сооте дигар вориди фурудгоҳи шаҳри Курд мешаванд.

Як фарванд ҳавопаймои туркияӣ аз навъи ҷети шахсӣ, ки аз Шорҷаи Иморот озими Истамбул буд, асри якшанбе ҳаволии шаҳри Курд дар риштакӯҳҳои Зогрус суқут кард ва 11 сарнишини он ҷон бохтанд.  

Шомгоҳи якшанбе Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон аз суқути як фарванд ҳавопаймои туркияӣ дар хоки Эрон ибрози таассуф кард.

Муҳаммадиброҳим Тоҳириёнфард, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Анқара низ ҷон бохтани шуморе аз атбои Туркияро таслият гуфт.