Март 14, 2018 21:46 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон-Боку дар масири густариши муносиботи ду ва чандҷониба

Дувоздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон сешанбе бо ҳузури Масъуди Карбосиён, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ва Шоҳин Мустафоев, вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон, дар маҳалли Вазорати умури иқтисодӣ ва дороии Эрон дар Теҳрон кушоиш ёфт.  

Ин нишаст имрӯз бо имзои асноди ҳамкории иқтисодии ду кишвар ба кори худ поён медиҳад.  

Эрон ва Озарбойҷон дорои зарфиятҳои хубе барои густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба ҳастанд.

Бар ин асос, нигоҳи мақомҳои ду кишвар ба истифодаи ҳарчи бештар аз фурсатҳои ҳамкорӣ аст.  

Муҳаммади Шариатмадорӣ, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати ҷумҳурии исломии Эрон бар омодагии Эрон барои имзои мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳӣ байни ду кишвар таъкид дорад.  

Аз ҷанбаҳои муҳими ин ҳамкорӣ фаъол кардани бахш ҳамлу нақл ва бозаргонӣ аз тариқи такмили роҳи транзитии шимол-ҷануб аст.

Ҳадафи ин роҳгузар, эҷоди беҳтарин фурсатҳои мумкин барои ҳамлу нақли колоҳои транзитӣ аз Ҳинд, Эрон ва кишварҳои Халиҷи Форс ба ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва сипас ба шимолу ғарби Аврупо аст.

Дар такмили ин раванд, тарҳҳои муштараки роҳоҳанҳои ду кишвар, фурсати хубе дар ин замина эҷод кардааст.

Алӣ Валиқлизода, пажуҳишгари масоили байналмилалӣ мегӯяд:

“Масири Эрон аз қобилияти ҷоддаӣ ва рейлии нисбатан муносибе дар ҷиҳати ғарб-шарқ ва билъакс баҳра мебарад”.

Ба гуфтаи Алӣ Валиқлизода, ин амр метавонад дар тавсеаи иртибототи заминии Озарбойҷон бо Осиёи Марказӣ ва шарқи Осиё мавриди истифода қарор бигирад.  

Ба далели вуҷуди вобастагиҳои ҷуғрофиёии амиқи Эрон ва Озарбойҷон, шароити фавқулодае дар ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба вуҷуд дорад.  

Доктор Ҳамидризо Азизӣ, узви Шӯрои илмии муассисаи мутолиоти Эрон ва Евразия дар мавриди аҳаммият ин ҳамкориҳо мегӯяд:

“Ҳавзаи шимолӣ (Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия) аз беҳтарин потенсиал барои ҳамкориҳои чандҷониба бархурдор аст”.