Март 15, 2018 13:04 Asia/Dushanbe
  •  Ҷамъияти Эрон аз 81 миллион нафар гузашт

Маркази омори Эрон эълом кард, ҷамъияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзҳои поёнии соли ҷории ҳиҷрии шамсӣ аз марзи 81 миллион нафар гузашт.

Ба гузориши ИРНА, “Соати ҷамъиятӣ”-и Маркази омори Эрон нишон медиҳад, ҷамъияти Эрон дар рӯзҳои поёнии соли 1396-и ҳиҷрии шамсӣ (хуршедӣ) аз марзи 81 миллион нафар гузаштааст.

“Соати ҷамъиятӣ”, ки нахустин бор дар соли 2009 рӯйи торнамои Маркази омори Эрон қарор гирифт, тағйироти ҷамъият ва афзоиши онро дар иртибот бо замон нишон медиҳад.

Дар “Соати ҷамъиятӣ” омилҳои муассир бар рушди ҷамъият - шомили борварӣ, маргу мир ва муҳоҷират барои кулли Эрон дида мешавад.

Маркази омори Эрон дар бораи натоиҷи охирин саршумории саросарӣ, ки дар соли 2015 анҷом шуд, ҷамъияти Эронро 79 миллиону 926 ҳазору 270 нафар эълом кард, ки 51 дарсади онро мардон ва 49 дарсади онро занон ташкил медиҳанд.

 

Барчасп