Хотираи Стивен Ҳоукинг аз ҳузураш дар Эрон ҳамзамон бо заминларзаи бузург
Стивен Ҳоукинг кайҳоншинос, физикдон ва нависандаи машҳур, ки рӯзи 14 март даргузашт, дар хотироти худ аз ҳузураш дар Эрон дуруст ҳамзамон бо рух додани яке аз талхтарин ҳодисаҳо дар ин кишвар навиштааст.
Ба гузориши “Хабар онлайн”, Стивен Ҳоукинг дар зиндагиномаи худ навиштааст, ки дар соли 1962 ва дар сини 17 солагӣ пас аз қабул шудан дар Донишгоҳи Оксфорд, фурсати сафар ба як кишвари хосс бо кумакпулии донишгоҳро ба даст оварда ва барои ин сафар Эронро интихоб кардааст.
Ӯ менависад, ки дар ин сафар ба ҳамроҳи яке аз дӯстонаш аз шаҳрҳои Табрез, Теҳрон, Исфаҳон, Шероз ва Машҳад дидан кардааст.
Стивен Ҳоукинг ва ҳамсафараш дар роҳи бозгашт дар минтақаи Бӯйин Заҳро, ки имрӯз дар устони Қазвини Эрон воқеъ аст, гирифтори заминларзаи бузурги 7.1 рихтерӣ мешавад, ки беш аз 12 ҳазор кушта бар ҷогузошт.
Вай менависад: «ман бояд дар наздикии маркази заминларза буда бошам, вале чун бемор будам ва автобус дар ҷодаҳои ноҳамвори Эрон болову поин мепарид мутаваҷҷеҳи он нашудам. Чун забони форсӣ балад набудем, дар чанд рӯз баъд ҳам, ки Табриз ба далели бемории шадид мондагор шудем, чизе нафаҳмидам. Ва ҳангоме, ки ба Истамбул расидем пай бурдам, ки чӣ пеш омада буд.»
Стивен Ҳоукинг дар Истамбул пайғоме барои падар ва модараш мефиристад, ки бо нигаронӣ ба муддати 10 рӯз чашминтизори хабаре аз ӯ буданд, зеро охирин чизе, ки аз фарзандашон шунида буданд, хабари тарки Теҳрон ба самти минтақае буд, ки заминларза онро вайрон кард.