Март 15, 2018 20:50 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Судури раводид байни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон осон мешавад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ба зуддӣ эрониён дар сафар ба ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд аз имкони судури раводид дар фурудгоҳ, истифода кунанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф ин хабарро имрӯз (панҷшанбе) дар конфронси хабарӣ, ки пас аз поёни иҷлоси чаҳорҷонибаи Эрон, Туркия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон дар Боку баргузор шуд, эълом кард.

Ин конфронси муштараки хабарӣ бо ҳузури Эламор Муҳаммадёров, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон, Мавлуд Човуш Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия ва Михаил Ҷанелидзе, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Гурҷистон баргузор шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, Эрон бо Туркия ва Гурҷистон муқаррароти лағви раводид дорад ва ба зуддӣ эрониён метавонанд дар сафар ба ҷумҳурии Озарбойҷон низ аз осонии судури раводид, баҳраманд шаванд.

Зариф бо баёни ин ки имрӯз рафту омади гардишгарон байни чаҳор кишвари Эрон, Туркия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон осон шудааст, афзуд, иштирокот чаҳор кишварро ба якдигар иртибот медиҳад ва ҳамкорӣ байни чаҳор кишвар метавонад, заминасози сулҳу субот дар минтақа бошад.

Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз қабл аз ин нишаст, бо Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба, табодули назар кард.

Зариф барои ширкат дар иҷлоси чаҳорҷонибаи вазирони умури хориҷаи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия ва Гурҷистон ба Боку сафар карда буд.

Раиси дастгоҳ дипломосии Эрон пас аз ин дидор бо вазирони умури хориҷаи Озарбойҷон, Туркия ва Гурҷистон ҳам ба гуфтугӯ нишаст ва сипас дар нишасти чаҳорҷониба ширкат кард.

Зариф дар ибтидои нишасти чаҳорҷонибаи Боку бар аҳамияти ин нишаст барои тақвияти субот, амният ва равнақи иқтисодӣ дар минтақа ва муқобила бо таҳдидоти амниятии муштарак, монанди терроризм ва ифротгарӣ таъкид кард.