Март 16, 2018 17:24 Asia/Dushanbe
  • Рушди 20-дарсадии муносиботи тиҷории Эрону Чин дар соли 2017

Сафири Эрон дар Чин аз рушди 20,4-дарсадии муносибот ва равобити тиҷорию иқтисодии Теҳрону Пекин дар соли 2017 хабар дод.

Алиасғари Хоҷӣ дар нишасти солонаи утоқи бозаргонии эрониёни муқими Чин бо баёни ин ки равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ба сатҳи болое расидааст, гуфт, арзиши муносиботи тиҷорию иқтисодии Эрону Чин аз 32 миллиард доллари соли 2016 ба 37 миллиард доллар дар соли 2017 расид, ки рушди 20,4-дарсадиро нишон медиҳад. Хоҷӣ афзуд, дар соли гузашта наздик ба 69 миллиону ҳафтсад ҳазор тонна коло ҳаҷми равобити тиҷории Эрону Чин буд, ки нисбат ба соли 2016 7,3 миллион тонна рушд дошт.

Сафири Теҳрон дар Пекин бо баёни ин ки мизони ҳаҷми содироти Эрон ба Чин дар соли 2017 12,56 дарсад нисбат ба соли 2016 рушд доштааст, тасреҳ кард, содироти Эрон ба Чин аз назари арзишӣ низ ба 18 миллиарду 570 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2016 25,2 дарсад рушд доштааст. Хоҷӣ бо ишора ба ин ки дар соли 2016 як миллиарду ҳафтсад миллион доллар ҳаҷми тиҷории Эрону Чин ба нафъи Пекин буд, изҳор кард, дар соли 2017 ин рақам ба 200 миллион доллар ба нафъи Эрон тағйир кард.

Сафири Эрон дар Чин адами равобити коргузории муносиб дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро монеае бар сари роҳи густариши беш аз пеши равобити тиҷории Эрон ва Чин унвон кард.

 

Барчасп