Март 16, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи бамборони кимиёии Ҳалабҷа тавассути артиши режими баъси Ироқ

Шаҳри Ҳалабҷа (Halabja)-и минтақаи Курдистони Ироқ, наздик ба марзи Эрон дар 25-уми исфанди соли 1366-и хуршедӣ, баробар бо 15-уми марти соли 1988-и милодӣ ҳадафи бамборони кимиёии артиши режими баъси Ироқ қарор гирифт, ки бар асари он наздик ба панҷ ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Баъд аз зуҳри 25-уми исфанди соли 1366, дар ҳоле ки танҳо ду рӯз аз озодии Ҳалабҷа тайи амалиёти “Валфаҷр-10” мегузашт, бамбафканҳо ва ҳавопаймои “Super Étendard”-и фаронсавии режими баъси Ироқ бо парвоз дар осмони Ҳалабҷа ҳар яке чаҳор бами кимиёии 500-килоиро бар сари мардуми бепаноҳи курд рехт. Дар арзи чанд дақиқа абри зардранге бар осмони Ҳалабҷа соя андохт ва фоҷеаи ҷангию инсонии бемисле пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум рух дод, ки ҳазорон нафар аз мардуми бепаноҳ ва ғайринизомиро ба коми марг фиристод. Обоун Ҳендрикс, раиси озмоишгоҳи заҳршиносии бемористони Ган Фландерси Белгия дар ин бора гуфт, дар ин ҳамла аз се навъ гази мухталиф, гази хардал (ипирит), газҳои аъсоб (табон, сарин ё соман) ва гази сианоген истифода шуд. Ин маводи кимиёӣ тавассути кишварҳои ғарбӣ, ба воситаи Франс фон Анрати нидерландӣ дар ихтиёри режими баъси Ироқ қарор гирифта буд.

Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Ню Йорк таймс” гуфта буд: “Амрико бо вуҷуди ин ки медонист, Саддом дар ҷанг бо Эрон силоҳи кимиёӣ истифода мекунад аз вай ҳимоят кард”. Пеш аз ҳамлаи кимиёӣ ба Ҳалабҷа шаҳри Сардашти Эрон ҳадафи ҳамлаи кимиёӣ қарор гирифта буд. Нахустин ҳамлаи кимиёии Ироқ ба Эрон дар моҳи январи соли 1981 иттифоқ уфтод. Аз он таърих то поёни ҷанг нерӯҳои Ироқ тайи беш аз 3500 бор бамборони кимиёӣ беш аз сад ҳазор эрониро дар шаҳру манотиқи марзӣ ва низ дар ҷабҳаҳои ҷанги таҳмилӣ шаҳиду масдум карданд.

Бо вуҷуди тасвиби муоҳидоти манъи тавлид ва истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҳанӯз бархе кишварҳо, аз ҷумла Амрико ба тааҳҳудоти худ мутобиқ бо конвенсияҳо, пойбанд нестанд.