Озодии 21 табааи эронӣ аз зиндонҳои Афғонистон
(last modified 2016-08-29T07:32:50+00:00 )
Август 29, 2016 12:32 Asia/Dushanbe
  • Озодии 21 табааи эронӣ аз зиндонҳои Афғонистон

Бистуяк шаҳрванди эронӣ аз зиндонҳои Афғонистон озод ва ба Теҳрон мунтақил шуданд.

Ба гузориши ИРНА, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул гуфт, 21 тан аз атбои Эрон, ки дар Афғонистон зиндонӣ буданд, дар чорчӯби тавофуқномаи истирдоди маҳкумон миёни ду кишвар, ба Теҳрон мунтақил шуданд.

Муҳаммадризо Баҳромӣ гуфт, ду нафари дигар аз атбои эронӣ низ дар рӯзҳои оянда ба Эрон мунтақил мешаванд ва бо интиқоли ин ду зиндонӣ, маҷмӯи атбои эронии боқимонда дар зиндонҳои Афғонистон ба камтар аз 20 нафар мерасад.

Сафир Теҳрон дар Кобул гуфт, 228 нафар аз зиндонёни афғон дар Эрон низ омодаи интиқол ба Афғонистон ҳастанд, ки ин мавзӯъ ба иттилои мақомҳои масъул дар ин кишвар расидааст.

Баҳромӣ афзуд, ки шуморе аз ин зиндонёни мубодилашудаи эронӣ ва афғон ба муҷозоти сахт маҳкум шуда буданд, ки бо тахфифи муҷозот, даврони ҳабси худро мегузаронданд.

 

Барчасп