Март 21, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Тоҷикистон бар баргузории комиссияи муштарак

Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳаштумин Иҷлоси ҷаҳонии об дар Бразилия бар таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти муштараке аз тавсеаи фаъолиятҳои дуҷониба дар қолаби комиссияи муштараки ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф истиқбол карданд.

Ин ду вазир ҳамчунин дар бораи баргузории иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар ноябри соли 2018 дар Теҳрон тавофуқ карданд.

Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон дар ин дидор бар ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалии об ва тавсеаи пойдор (2018-2028) таъкид кард.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ дар ин нишаст зимни даъвати расмӣ аз раиси ҷумҳур ва вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар иҷлоси сарони об дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо дар заминаи манобеи об, ба вижа мушорикати ширкатҳо ва мутахассисони эронӣ дар тарҳҳои муртабит дар Тоҷикистон истиқбол кард.

Вазири нерӯи Эрон рӯзи якшанбе, 18-уми март барои ширкат дар ҳаштумин иҷлоси Шӯрои ҷаҳонии об ба Бразилия сафар кард.

Ҳаштумин иҷлоси Шӯрои ҷаҳонии об бо шиори «Об барои ҳама» 18 то 23-юми март дар шаҳри Бразилиа, пойтахти кишвари Бразилия баргузор мешавад.

 

 

Барчасп