Тағйири соати расмии Эрон
Март 21, 2018 17:54 Asia/Dushanbe
Соати расмии Эрон имшаб (чаҳоршанбешаб) як соат ба пеш кашида мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси Қонуни тағйири соати расмии Эрон, мусавваби Маҷлиси Шӯрои исломӣ, соати расмии Эрон дар соати 24-и аввали фарвардинмоҳи ҳар соли шамсӣ як соат ба пеш кашида мешавад.
Соати расмии Эрон дар сиюми шаҳривармоҳ (бистуякуми сентябри соли 2018 ) ба ҳолати собиқ баргардонида мешавад.