Март 23, 2018 16:33 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Вазорати хориҷаи Эрон барои ҳимоят аз фаъолони иқтисодӣ дар ҷаҳон

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияе, дар ҳимоят аз колои эронӣ ва тавлиди миллӣ, аз омодагии ин вазоратхона барои пуштибонӣ аз фаъолони иқтисодӣ ва осонсозии густариши пайвандҳо ва иртибототи иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар сатҳи густурда дар ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳимоят аз колои эронӣ ва тавлиди миллӣ рӯзи ҷумъа интишор ёфтааст.

Дар ин баёния омадааст: Ин вазоратхона дар ҷиҳати иҷрои баёноти ахири мақоми муаззами раҳбарӣ дар хусуси лузуми пуштибонӣ аз фаъолони иқтисодии Эрон ва ба вижа бо таъкид бар афзоиши содироти ғайринафтӣ, иқдом ба тағйири сохтори Вазорати умури хориҷа кардааст.

Дар бахши дигари ин баёния омадааст, мавқеияти ҷуғрофиёии Эрон ба унвони масири иттисоли Шарқ ба Ғарб ва Шимол ба Ҷануб, зарфиятҳои азимеро ба вуҷуд овардааст, ки такя бар онҳо фурсатҳои густурдаеро барои тавсеаи Эрон ва миллатҳои минтақа фароҳам мекунад.

Вазорати умури хориҷа дар поёни баёнияи худ таъкид кардааст, ин вазоратхона дар назар дорад тамаркузи бештаре бар осонсозии бастани қарордодҳои иқтисодии ду ва чандҷониба бо ҳамсоягон ва иттиҳодияҳои тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои мухталиф дошта бошад.

Ҳамчунин заминаро барои тақвияти тавлид ва созандаи шуғлҳои дохилӣ, рушди сифати маҳсулоти эронӣ, осонсозии рақобати колоҳои эронӣ дар бозорҳои ҳадаф ва заминасозӣ барои ҳузури фаъолони иқтисодии кишвар, ба вижа бахши хусусӣ дар арсаҳои дуҷониба ва чандҷониба фароҳам оварад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар паёми наврӯзӣ ба муносибати оғози соли 1397, соли ҷадидро соли “Ҳимоят аз колои эронӣ” номгузорӣ карданд.

 

Барчасп