Март 24, 2018 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Эрон дар намоишгоҳи гардишгарии Тоҷикистон

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо барпоии ғурфаи гардишгарӣ дар Намоишгоҳи гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумии Наврӯз дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ширкат кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ғурфаи Эрон бо пешниҳоди маҷмӯаи анвое аз саноеи дастӣ ва фарш, осори фарҳангӣ, ғизоҳои миллӣ, иҷрои мусиқии зиндаи суннатӣ ва муаррифии ҷозибаҳои гардишгарӣ мавриди истиқболи боздидкунандагон қарор гирифт.

Суфраи “Ҳафт Син” ва бахши ғизоҳои эронӣ дар ғурфаи намоишгоҳии Эрон бо унвони “Суфраи Наврӯз” пазирои боздидкунандагон буд.

Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар маросими бузургдошти ҷашни Наврӯз ва оғози соли нави шамсӣ, бо ишора ба аҳамияти Наврӯз дар фарҳанги эрониён, паёми меҳварии Наврӯзро эътидол, ҳамбастагӣ ва парвариш хонд.