Март 26, 2018 21:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон дар бораи ҳар гуна ихтилол дар тавофуқи ҳастаӣ

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон гуфт, агар ҳар гуна ихтилоле дар тавофуқи ҳастаӣ ё БарҶом пеш ояд, паёмадҳои он барои ҳамаи ҷомеаи байналмилал сангин хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Сайид Аббоси Ироқчӣ рӯзи душанбе гуфт, беш аз як сол аст, ки Трамп, раиси ҷумҳури Амрико талош мекунад то БарҶомро аз байн бибарад ё ислоҳотеро анҷом диҳад то он чӣ аз диди вай айбу ишколи ин тавофуқи байналмилалӣ аст, бартараф шавад, аммо дар ин замина ноком мондааст.

Муовини вазири хориҷаи Эрон гуфт, хуруҷ аз БарҶом ҳатман паёмадҳои сангине барои кишварҳои ғарбӣ, Амрико ва Аврупо хоҳад дошт ва онҳо кулли эътибори худро дар дунё аз даст хоҳанд дод.

Муовини сиёсии вазири хориҷа бо баёни ин ки тавофуқи БарҶом танҳо тавофуқи иқтисодӣ нест, балки тавофуқе марбут ба адами паҳншавии  силоҳҳои ҳастаӣ аст, гуфт: БарҶом як тавофуқи амниятӣ аст ва ба таври мустақим бо амнияти минтақа ва байналмилал сару кор дорад.

Муовини вазири хориҷаи Эрон бори дигар таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳҳо аст, ки эълом карда, барои ҳар сенарияе омодагӣ дорад ва барои тамоми онҳо роҳкор андешида аст.

Ироқчӣ гуфт: Ҳатман мо дар шароите, ки Трамп ва дигарон тасмиме алайҳи БарҶом бигиранд, омодаи вокуниши фаврӣ ҳастем ва аз манофеи мардуми Эрон ба сурати комил дифоъ хоҳем кард.

 

Барчасп