Тиҷорати Эрону Қатар - рушди содироту сабти тарози тиҷории мусбат ба нафъи Эрон
-
Тиҷорати Эрону Қатар дар 10 моҳи гузашта
“Порс-Тудей”. Тиҷорати Эрону Қатар дар 10 моҳи гузашта бо афзоиши содироти ғайринафтӣ ва коҳиши воридот аз Қатар, ба сабти тарози тиҷории мусбат ба нафъи Эрон анҷомид.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, Абдуламири Рабеҳовӣ, мудири кулли дафтари Ғарби Осиёи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо истинод ба оморҳои гумрукӣ эълом кард, тиҷорати Эрону Қатар дар 10 моҳи гузашта шоҳиди рушди қобили тавваҷуҳи содироти ғайринафтии Эрон будааст.
Ба гунае ки ҳаҷми содироти Эрон ба Қатар ба ҳудуди 580 ҳазор тон коло, ба арзиши беш аз 122 миллион доллар расид, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта аз назари вазнӣ 34 дарсад ва аз назари арзишӣ 8 дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, таркиби аслии содироти Эрон ба бозори Қатар шомили маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва бархе ақломи маъданӣ будааст. Колоҳое назири тухми мурғ, гуҷафарангӣ (помидор), ҳиндувона (тарбуз), шири хушки санъатӣ, хушкбор, кафпӯш, симон ва сангҳои сохтмонӣ саҳми муҳиме дар тиҷорати Эрон ва Қатар доштаанд, ки баёнгари нақши рӯ ба густариши Эрон дар таъмини ниёзҳои воридотии ин бозори минтақаӣ аст.
Дар муқобил, воридоти Эрон аз Қатар дар ҳамин бозаи замонӣ коҳиш ёфта ва ба ҳудуди 101 ҳазор тон ба арзиши тақрибии 111 миллион доллар расидааст. Ин рақам дар муддати мушобеҳи соли гузашта 145 ҳазор тон ба арзиши 175 миллион доллар буд, ки нишондиҳандаи коҳиши 30 дарсадӣ дар вазн ва 37 дарсадӣ дар арзиши воридот аст.
Ба гуфтаи Рабеҳовӣ, ақломи воридотӣ умдатан шомили маводи аввалияи санъатӣ, хӯроки дому туюр, қатаоту таҷҳизоти санъатӣ ва маводи шимиёӣ будаву саҳми Қатар дар занҷираи таъмини воридотии Эрон маҳдуд арзёбӣ мешавад.
Зарфиятҳои пинҳон дар тиҷорати Эрону Қатар
Мудири кулли дафтари Ғарби Осиёи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо ишора ба тарози тиҷории мусбати ҳудуди 11 миллиондолларӣ ба нафъи Эрон таъкид кард, бахши муҳиме аз тиҷорати Эрону Қатар ба сурати ғайримустақим ва аз масири кишварҳои сеюме монанди Уммону Иморот анҷом мешавад.
Рабеҳовӣ ҳаҷми тиҷорати ғайримустақимро ҳудуди 200 миллион доллар баровард карду гуфт, ақломе назири шимши оҳану фӯлоду қир аз ин масирҳо мубодила мешавад, ки нишондиҳандаи зарфиятҳои тавсеапазир дар равобити иқтисодии Теҳрон ва Давҳа аст. Ин раванд ҳамроҳ бо рушди содироти ғайринафтӣ, баёнгари тақвияти ҷойгоҳи Эрон дар тиҷорати минтақаӣ ва танаввуъбахшӣ ба бозорҳои ҳадафи содиротӣ аст.