Август 29, 2016 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ихтори қароргоҳи дифои ҳавоии артиши Эрон ба як паҳподи амрикоӣ

Қароргоҳи падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба як фарванд ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ пеш аз вуруд ба осмони Эрон дар шарқи кишвар ихтор додааст.

Хабаргузории Тасним рӯз душанбе навишт, Қароргоҳи падофанди ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба як фарванд ҳавопаймои бесарнишини мутааллиқ ба Амрикоро қабл аз вуруд ба осмони Эрон шиносоӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин ҳавопаймои бесарнишини ҷосӯсӣ аз осмони Афғонистон эҳтимолан қасди вуруд ба осмони Эронро дошт, аммо пас аз ихтори падофандӣ, масири худро ба самти осмони Эрон дар шарқи кишвар идома надод.

Ин гузориш меафзояд, ки паҳподи мазкур аз як пойгоҳе дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон ба парвоз даромада ва то ҳудуди 32 километрии марзи Эрон расида буд.

Барои муқобила бо ин паҳпод, пас аз шиносоии он ба дидабониҳо ва сомонаҳои мушакии қароргоҳи падофандҳо вазъияти ҳушёр дода шуда буд.

 

Барчасп