Вокуниши Эрон ба изҳороти валиаҳди Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i32008-Вокуниши_Эрон_ба_изҳороти_валиаҳди_Арабистон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахири валиаҳди Арабистон эълом кард, изҳороти нопухтаи валиаҳди ҷавони Арабистон наметавонад афкори умумро аз ҷиноёти ин кишвар дар минтақа мунҳариф кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 31, 2018 12:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба изҳороти валиаҳди Арабистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахири валиаҳди Арабистон эълом кард, изҳороти нопухтаи валиаҳди ҷавони Арабистон наметавонад афкори умумро аз ҷиноёти ин кишвар дар минтақа мунҳариф кунад.

Ба гузориши ИРНА, Баҳром Қосимӣ шаби ҷумъа дар вокуниш ба охирин густохии валиаҳди Саудӣ, ки аз ҷанг бо Эрон тайи 10-15 соли оянда сухан гуфта буд, гуфт, ин шоҳзодаи ҷавон ё намедонад ҷанг чист, ё таърих ва қудрати Эронро дарк накардааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон афзуд, хирадмандонатар он аст, оқилони қавм ва таҷрибаомӯхтагони Саудӣ ба валиаҳди бетаҷрибаи ин кишвар биёмӯзанд, чӣ гуна Саддоми бузургтар аз ӯ, ки иддаои сарварии ҷаҳони арабро дошт ва худро сардори Қодисия мехонду Шарқу Ғарб ва ҳама шайхнишинони араб пуштибонаш буданд, дар муқобили иродаи мардуми далер ва бузурги Эрон ба хоки мазаллат нишаст.