Апрел 06, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба изҳороти валиаҳди Саудӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба изҳороти зиддиэронӣ ва тафриқаафканонаи ахири валиаҳди Саудӣ посух дод.

Баҳром Қосимӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба иддаоҳои ҷадид ва зиддиэронии Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфт, ин тозаазроҳрасида ва ҷӯёи қудрат чашми худро бар воқеиятҳои таърихӣ ва ҳафт даҳаи ҷиноятҳои режими ғосиб ва кӯдаккуши саҳюнистӣ фурӯ баста ва дар хиёнати бузург ва ошкор ба ормони Фаластин аз шиносоӣ ва ҳамсӯйии кишвараш бо ин режими номашрӯъ дам мезанад.‎ Қосимӣ гуфт, ҷоҳталабии валиаҳди бадандеши Саудӣ аз ҳадду андоза берун шудааст ва дар ҳоли табдил ба як бемории лоилоҷ ва музмин аст.

Валиаҳди Арабистони Саудӣ рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо нашрияи амрикоии “Тайм” Эронро "душмани муштараки Риёзу Телавив" донист.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, ҳама тавтеаҳои тафриқаафканонаи солҳои ахир миёни кишварҳои исломӣ ва эҷоду густариши гурӯҳҳои террористию ифротгарое чун ДИИШ бо ҳадафи нифоқ ва шикоф дар ҷаҳони Ислом, фаромӯшии тадриҷии ормони Фаластин ва эҷоди ҳошияи амн барои режими сохта ва ғосиби саҳюнистӣ тарроҳӣ ва иҷро шудааст. Қосимӣ афзуд, сиёсатҳои даврони ахири саудиҳо як фоҷеаи бисёр ғамангез аст, ки кишвари исломӣ бо он ҳама иддао худро то сатҳи як чоплуси режими ишғолгари Қудс поин овард.