Апрел 08, 2018 10:34 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии куштии озод бидуни ҳузури Эрон ва Русия

Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии куштии озоди соли ҷорӣ, бидуни ҳузури Эрон ва Русия, тимҳои қудратманде, ки ба думболи шикасти тими Амрико буданд, дар рӯзҳои ҳафтум ва ҳаштуми апрел дари шаҳри Айоваи Амрико оғоз шуд.

Дар набуди ин ду тим ба назар мерасад, ки бор дигар ин Амрико аст, ки қаҳрамони рақобатҳо шавад.

Амрико дар рӯзи аввали бозиҳо, тимҳои Ҳиндро 10 бар сифр ва Ҷопонро ҳафт бар се шикаст дод.

Эрон дорандаи шаш давраи қаҳрамонии ин рақобатҳо, бидуни далел дар моҳи март аз ҳузур дар ин мусобиқот инсироф дод.

Чанд ҳафта пас аз ин ки Иттиҳодияи куштии ҷаҳон дар тасмимаш эълом кард, ки як гуштигири эронӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони зери 23 сол дар моҳи ноябр барои имтиноъ (дӯрӣ) аз рӯёрӯӣ бо ҳарифе аз режими саҳюнистӣ, дар мусобиқааш шикаст хӯрдааст, Расули Ходим, раиси Федератсияи куштии Эрон аз мақоми худ истеъфо кард.

Рич Бэндер, мудири иҷроии Федератсияи куштии Амрико ибрози умедворӣ кардааст, набуди ин ду кишвар ба равобити се федератсияи Эрон, Русия ва Амрико дар оянда, осебе ворид накунад.

Тими куштии озоди Эрон пас аз 9 давра ҳузури паёпай ва 6 қаҳрамонии мутаволӣ, дар ин рақобатҳо ҳузур надорад.

Аз сӯи дигар ба далели ихтилофот ва танишҳои сиёсии ду кишвари Амрико ва Русия ва коҳиши кормандони сафорати Амрико дар ин кишвар, Амрико барои аъзои тими Русия, виза содир накард то ҳузури тими муддаии Русия низ мунтафӣ шавад.

45-умин давраи Ҷоми ҷаҳонии куштии озод (2017) дар Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) баргузор шуд ва тими миллии куштии озоди Эрон муваффақ ба касби шашумин қаҳрамонии паёпай худ аз соли 2012 шуд.