Апрел 09, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи раҳбари муаззами инқилоб ба масъулони ҷумҳурии исломӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз масъулон ва мудирони низом, бар лузуми истодагии масъулон бар аҳдофи ислом ва ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Ҷумҳурии исломӣ бар асоси аҳдоф ва ормонҳои муҳиме ҳамчун тавҳид ва шариати илоҳӣ, адолат, озодӣ ва истиқлол бавуҷуд омада ва бо ҳукуматҳои мутаориф дар дунё мутафовит аст”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ибрози хурсандӣ аз табдил шудани мутолибаи эҷоди паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии дохилӣ ба мутолибае умумӣ гуфтанд: Масъулон бояд амният ва ҳарими дохилии мардум ва кишварро ҳифз кунанд.

Эшон таарруз ба амният ва ҳарими дохилии мардумро ҳароми шаръӣ донистанд ва афзуданд: Мутасаддиёни кор дар дастгоҳҳои давлатӣ ва қазоӣ муроқибат кунанд, то ҳарими дохилии зиндагии мардум ва асрори онҳо маҳфуз бимонад.