Апрел 10, 2018 11:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Равобити Теҳрону Маскав комилан роҳбурдӣ мешавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон ва Маскав дар масири равобити комилан роҳбурдӣ қарор доранд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ асри душанбе дар дидор ба Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия дар Теҳрон ҳамчунин гуфт, барқарории равобит ва ҳамкориҳои сеҷонбаи Эрону Русия бо бархе аз кишварҳои минтақа иқдоми арзишманд аст ва истифода аз зарфиятҳои ин навъи равобит дар чорчӯби манофеи миллатҳои минтақа хоҳад буд. Ӯ таъкид кард, равобит ва ҳамкориҳои наздики Эрону Русия дар бораи Сурия ва сулҳу амният дар минтақа таъсиргузор будааст ва ин ҳамкориҳо бояд то расидан ба амнияти комил дар Сурия ва минтақа идома ёбад. Рӯҳонӣ гуфт, Эрон монеатарошӣ ва мушкилофаринии Ғарб барои Русияро дарк мекунад ва ин мушкилот барои Эрон ҳам дар минтақа вуҷуд дорад, ки барои мувоҷеҳа бо он лозим аст, Эрону Русия дар масоили байналмилалӣ равобиту ҳамкориҳои наздиктаре дошта бошанд.

Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия низ дар ин дидор тавсеаи равобити Теҳрон ва Маскавро дар солҳои ахир вобаста ба тасмимҳои хуби раисҷумҳурҳои Эрону Русия донист ва гуфт, парлумони Русия аз тасмим ва тавофуқҳои раисҷумҳурҳои ду кишвар барои тавсеаи равобит ҳимоят мекунад.

 

Барчасп