Апрел 11, 2018 20:28 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати имом Мусои Козим (а) таслият бод

Панҷшанбе 25 раҷаби 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 12 апрели 2018 солрӯзи шаҳодати имом Мусои Козим (а) аст.  

Имом Мусо бен Ҷаъфар (а), аз наводагони гиромии расули мукаррами ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар соли 128 ҳиҷрии қамарӣ дар Абваи маҳаллӣ байни Макка ва Мадина ба дунё омад.

Эшон ба далели сабурии бисёр ва фуру хурдани хашм ба Козим шуҳрат ёфта буд.  

Имом Мусо Козим (а) дар 55 соли ҳаёт чандин бор ба зиндон афтод.

Эшон саранҷом соли 183 ҳиҷрии қамарӣ ба дастури Ҳоруналрашид дар зиндон масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

Ҳазрати Мусо бен Ҷаъфар (а) пас аз шаҳодат дар қабристони Қурайш дар соҳили ғарбии Даҷла ва дар хориҷи шаҳри Бағдод ба хок супурда шуд, ки акнун ба зиёратгоҳи дӯстдорони аҳли байт алаҳиссалом табдил шудааст.  

Дар шабу рӯзи шаҳодати ҳазрати Мусо бен Ҷаъфар (а) дар шаҳри Машҳади муқаддас дар шимоли шарқи Эрон парчамҳои азо барафроштааст ва зоирон дар ҳарами имом Ризо (а), фарзанди имом Мусои Козим (а) барои баргузории маросими азодорӣ гирд меоянд.

Сайту радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Мусо Козим (а)-ро ба ҳамаи мухотабон ва дӯстдорони хонадони паёмбари гиромии ислом таслият мегӯяд.