Вазири нафти Эрон: Бозори нафт ринги бокс нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i32538
Вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон дар шонздаҳумин Иҷлоси анҷумани байналмилалии энержи дар Деҳлии Нав гуфт: Бозори нафт ринги бокс ва маҳалли даъвои кишварҳо нест.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 11, 2018 21:17 Asia/Dushanbe

Вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон дар шонздаҳумин Иҷлоси анҷумани байналмилалии энержи дар Деҳлии Нав гуфт: Бозори нафт ринги бокс ва маҳалли даъвои кишварҳо нест.

Бежани Номдори Зангина таъкид кард, бозори нафт бояд ғайрисиёсӣ бошад.

Зангина гуфт: Ғайрисиёсӣ будани бозори нафт ба нафъи тавлидкунанда ва масрафкунанда дар ҷаҳон аст.

Вай афзуд: Сиёсӣ шудани бозори нафт арза ва тақозоро дучори ихтилол мекунад ва дар дарозмуддат ҳама кишварҳо ва бозор осеб хоҳад дид.