Апрел 14, 2018 12:26 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи низомии Амрико ба Сурияро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаҳои мушакии Амрико ва муттаҳидонаш ба хоки Сурияро маҳкум кард ва дар бораи осор ва паёмадҳои минтақаӣ ва фароминтақаии он ҳушдор дод.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе эълом кард: Эрон бар асоси меъёрҳои шаръӣ, қонунӣ ва ахлоқӣ мухолифи корбурди силоҳҳои шимиёӣ аст ва дар айни ҳол баҳонатарошӣ барои таҷовуз ба кишваре мустақилро ба шиддат ғайри қобили қабул ва маҳкум медонад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон таҷовуз ба Сурияро нақзи ошкори қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ва нодида гирифтани ҳаққи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии ин кишвар дониста ва афзудааст: Бешак Амрико ва муттаҳидонаш, ки бидуни вуҷуди ҳеҷ гуна санад ва мадраки исботшудае ва қабл аз эъломи назари ниҳоии Созмони манъ ва густариш силоҳҳои шимиёӣ зидди Сурия иқдоми низомӣ карда ва худро қозӣ ва полиси ҷаҳон фарз кардаанд, масъули паёмадҳо ва оқибатҳои минтақаӣ ва фароминтақаии ин моҷароҷӯӣ ҳастанд ва бояд посухгӯи паёмадҳои он бошанд.

Амрико ба ҳамроҳи Англия ва Фаронса бомдоди шанбе Сурияро ҳадафи ҳамлаи низомӣ қарор дод.

Вазорати дифои Амрико Пентагон эълом кард, дар ҳамла ба Сурия ҳам аз киштиҳои низомӣ ва ҳам аз ҷанганда истифода шудааст.

Дар ҳамлаи бомдоди рӯзи шанбеи Амрико ба Сурия, ки аҳдофи чандгона дорад, аз мушакҳои Круз истифода шудааст.

Шабакаи телевизионии Скайнюс низ бомдоди шанбе гузориш дод, садои инфиҷорҳои шадид аз чанд нуқтаи Димишқ, пойтахти Сурия ба гӯш расидааст.

Ҳамзамон телевизиони давлатии Сурия эълом кард, артиши ин кишвар дар ҳоли муқобила бо ҳамлаи муштараки Амрико, Бритониё ва Фаронса ба Сурия аст.

Вазорати иттилорасонии Сурия аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ба расонаҳое, ки амдан ва ё бидуни иттило, аҳдоф ва таҷовузи Амрико ва муттаҳидонашро бузургнамоӣ мекунанд, таваҷҷуҳ накунанд.

Телевизиони Сурия бо радди ҳадаф қарор гирифтани фурудгоҳи Димишқ, ҳамлаи ғарбиҳо ба маркази таҳқиқотии Барза дар атрофи Димишқро, ки аз марокизи илмӣ-пажӯҳишии артиши Сурия маҳсуб мешавад, таъйид кард ва афзуд: Анбори муҳиммоти артиш Сурия дар наздикии маркази устони Ҳумс низ бо чаҳор ҷангандаи англисӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

То кунун аз талафоти эҳтимолии ин таҷовуз гузорише мунташир нашудааст.