Апрел 14, 2018 15:45 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ҳамлаи Амрико, Бритониё ва Фаронса ба Сурия ҷиноят аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамлаи саҳаргоҳи имрӯзи Амрико, Бритониё ва Фаронса ба Сурияро ҷиноят дониста, иддаои онҳоро мабнӣ бар мухолифат бо истифода аз силоҳи кимиёӣ дурӯғ хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз дар дидор бо ҷамъе аз масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва қишрҳои мухталифи мардум таъкид карданд, ҷумҳурии исломӣ ҳамчун гузашта дар канори гурӯҳҳои муқовимат ҳозир хоҳад буд. Эшон дар идома раисҷумҳури Амрико, раисҷумҳури Фаронса ва нахуствазири Англияро ҷинояткор дониста таъкид карданд, амрикоиҳо ҳамчун сарнавишти Ироқу Афғонистон аз ин гуна ҷиноёт дар Сурия суде нахоҳанд бурд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рафторҳои Амрико ва бархе кишварҳои ғарбиро ношӣ аз аҳдофи истеъморӣ ва «диктатории байналмилалӣ»-и онҳо дониста хотирнишон карданд: “Албатта, диктаторҳо дар ҳеҷ куҷои дунё комёб нахоҳанд шуд ва Амрико низ қатъан дар аҳдофи худ дар минтақа шикаст хоҳад хӯрд”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, ҳадафи амрикоиҳо фақат Сурия, Ироқ ва Афғонистон нест, балки онҳо ба дунболи зарба задан ба уммати исломӣ ва Ислом ҳастанд, бинобар ин давлатҳои исломӣ набояд худро дар хидмати аҳдофи Амрико ва бархе кишварҳои мутаҷовизи ғарбӣ қарор диҳанд.

Эшон иллати ҳузури Эрон дар Сурия ва дар минтақаи ғарби Осиёро ёрӣ расондан ба муқовимате, ки дар муқобили зулм вуҷуд дошт, донистанд ва афзуданд, ҷабҳаи муқовимат ба баракати кумакҳо ва бо шуҷоати нерӯҳои сурӣ тавонист бар террористҳое, ки ба василаи Амрико, ғарбиҳо ва муздурони онҳо чун Саудӣ ба вуҷуд омада буд, ғалаба кунад ва онҳоро шикаст диҳад.

 

Барчасп