Апрел 15, 2018 17:17 Asia/Dushanbe
  • Рушди беш аз 75 дарсадии содироти Эрон ба Украина

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Украина гуфт: Содироти ғайринафтии Эрон ба Украина дар соли 2017, беш аз 75 дарсад нисбат ба 2016 рушд кардааст.  

Муҳаммади Биҳиштиимунфарид дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Эрон дар соли гузашта ҳафтод миллион доллар колоҳои ғайринафтӣ ба Украина содир кард дар ҳоле, ки ин мизон дар соли пеш аз он яъне 2016, 40 миллион доллар буд.  

Сафири Эрон дар Украина тасреҳ кард: Бо таваҷҷуҳ ба зарфияти болои Эрон ва Украина ва фароҳам шудани заминаҳои лозим барои густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, нерӯгоҳӣ, саноеи ҳавоӣ ва доруӣ, имкони афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар то чанд баробари зарфияти феълӣ вуҷуд дорад.  

Биҳиштиимунфарид ҳамчунин гуфт: Дар чорчуби густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Украина, соли 2017 асноди мутааддиде дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, фаннӣ, бозаргонӣ, санъатӣ, беҳдоштӣ, доруӣ, домпизишкӣ ва ҳамлу нақл байни ду кишвар имзо шудааст.

 

Барчасп