Апрел 15, 2018 21:00 Asia/Dushanbe
  • Такрори иддаоҳои беасоси подшоҳи Саудӣ алайҳи Эрон

Подшоҳи Арабистони Саудӣ бори дигар бо такрори иддаоҳои беасос, Эронро ба дахолат дар Яман ва ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.  

Салмон бен Абдулазиз Оли Сауд дар бисту нуҳумин Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар шаҳри Алзаҳрони Арабистон, бо ишора ба ҳимояти Эрон аз ҳусиҳои Яман, иддао кард: Эрон бо ирсоли мушакҳои баллистик аз ҳусиҳо ҳимоят мекунад.

Иттиҳомоти беасоси режими Саудӣ зидди Эрон дар хусуси дахолат дар кишварҳои арабии минтақа дар ҳолест, ки мардуми Яман ҳамчунон бо силоҳҳои ирсолшуда аз сӯи Амрико ва Британия дар ҳамалоти Арабистон ва Иморот ба хоку хун кашида мешаванд.

 

Барчасп