Апрел 16, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Рушди беш аз 75 дарсадии содироти Эрон ба Украина

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Украина, гуфт, содироти ғайрнефтии Эрон ба Украина дар соли 2017, беш аз 75 дарсад нисбат ба соли 2016 рушд кардааст.

Муҳаммадбиҳиштии Мунфарид рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, афзуд, Эрон дар соли гузаштаи милодӣ (2017), ҳафтод миллион доллар колоҳои ғайринефтӣ ба Украина содир кард, дар ҳоле, ки ин мизон дар соли пеш аз он яъне 2016, ҳудуди 40 миллион доллар буд.

Сафир Эрон дар Украина тасреҳ кард, бо таваҷҷуҳ ба зарфияти болои Эрон ва Украина ва фароҳам шудани заминаҳои лозим барои густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, ниругоҳӣ, саноеи ҳавоӣ ва доруӣ, имкони афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар то чанд баробар зарфияти феълӣ вуҷуд дорад.

Биҳиштии Мунфарид ҳамчунин гуфт, дар чорчуби густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Украина, соли 2017 асноди мутааддиде дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, фаннӣ, бозаргонӣ, санъатӣ, беҳдоштӣ, доруӣ, домпзшкӣ ва ҳамлу нақл байни ду кишвар имзо шудааст.

 

Барчасп