Апрел 16, 2018 12:11 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз дар Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Эрон, имрӯз (душанбе) дар садри ҳайати сиёсӣ барои ширкат дар 23-юмин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ЭКО вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ дидор ва дар бораи роҳҳои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ хоҳад кард.

ЭКО як созмони минтақаӣ аст, ки дар соли 1985 аз сӯи Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд.

Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО акнун шомили кишварҳои Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон аст.