Апрел 17, 2018 10:29 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Мардуми Тоҷикистон бародарони ҳамзабони эрониён ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон душанебшаб дар ҷамъи аъзои сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо таъкид бар равобити Теҳрон ва Душанбе таърихӣ аст, тасреҳ кард мардуми Тоҷикистон бародарон, ҳамзабонон ва ҳамдинони эрониён ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба нақши муҳимми коркунони намояндагиҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар ба вижа кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон хотирнишон кард дилбастагиҳои фарҳангӣ ва таърихӣ ба равобити ду кишвар вижагии хоссе бахшидааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бар густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон дар тамомии заминаҳо ба вижа иқтисодӣ таъкид кард ва гуфт: Алоқамандиҳо ва дустии ду кишвар умқ ва густараи зиёде дорад.

Зариф асри душанбе низ дар дидори Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар тавсеаи равобити ду кишвар дар тамомии заминаҳо таъкид кард.

Зариф субҳи душанбе дар садри ҳайъате сиёсӣ барои дидор бо мақомоти Тоҷикистон ва ҳамчунин ширкат дар бисту севвумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ЕКО вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.

Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЕКО) ҳастанд.

Барчасп