Зодрӯзи ҳазрати Имом Ҳусайн (а) муборак бод!
Ҷумъа сеюми шаъбони 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 20 апрели 2018, солрӯзи милоди ҳазрати Имом Ҳусайн (а), набераи гиромии Расули мукаррами Ислом (с) аст.
Сеюми шаъбон, солрӯзи милоди хуҷастаи бузург посдори Ислом ва шариати Муҳаммадӣ аст, ки бо фидокории беназири хеш дар овардгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхт; Шахсияти бузург, ки намунаи дифоъ ва посдорӣ аз Қуръони карим ва Исломи азиз шуд.
Ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи милоди Имом Ҳусайн(а)-ро рӯзи посдор ном ниҳод то иззат, озодагӣ ва басирати он ҳазрат, ҳамвора намунаи зиндагӣ ва сираи дӯстдорони аҳлибайт ба хусус посдорони Инқилоби Исломӣ шавад.
Сайт ва радио тоҷикии “Садои Хуросон” ин рӯзи муборакро ба ҳамаи мухотабони гиромӣ ва ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.