Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Амрико бо ҳамла ба Сурия ваҳшигарӣ кард
Имоми ҷумъаи Теҳрон ҳамлаи Амрико ба Сурияро хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ донист ва гуфт: Амрико бо ин таҷовуз, ниҳони ваҳшии худро ба ҷаҳониён нишон дод.
Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, бо баёни инки амрикоиҳо ва ҷаҳони султа фақат забони зурро мефаҳманд, афзуд: Амрико аз муваффақияти меҳвари муқовимат дар баробари гурӯҳи террористӣ-такфирии ДОИШ дар минтақа асабонӣ аст.
Вай афзуд: Ҳамлаҳои мушакӣ ба Сурия натиҷае барои мутаҷовизон надошт ва амрикоиҳо то кунун дар ҳамаи ҳадафҳояшон дар минтақа шикаст хӯрдаанд.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, ҳамчунин бо маҳкум кардани тасмими таҳрикомези раиси ҷумҳурии Амрико барои интиқоли сафорати кишвараш аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас, гуфт: Дар баробари ин тасмим, ҳамаи фаластиниён ба по хостанд, ки ин мавзӯъ нишонаи қудрати миллати Фаластин аст.