Апрел 21, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи вилодати Имом Саҷҷод (а)

Саросари Эрони исломӣ дар шаби милоди ҳазрати Имом Зайналобиддин (а), набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с), ғарқ дар ҷашну шодӣ аст.

Фардо якшанбе, панҷуми шаъбони соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 22 апрели 2018, солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Зайналобиддин (а), набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Ба ҳамин муносибат саросари Эрони исломӣ дар шаби вилодати бо саодати сайидулсоҷиддин, Имом Зайналобиддин (а) ғарқ дар мадҳиясароӣ ва мавлудхонии маддоҳони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) аст.

Шаҳрҳои муқаддаси Машҳад ва Қум нурборон шуда ва маросими ҷашну сурур бо ҳузури ошиқон ва иродатмандони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба муносибати айёми шаъбония аз шаб‎ҳои гузашта, вижа барнома‎ҳое ҳамроҳ бо мадҳиясароӣ ва мавлудхонии маддоҳони аҳли байт бо ҳузури ҳазорон нафар аз зоирон ва муҷовирон дар ҳарами мунаввари Разавӣ оғоз шудааст.

Радио тоҷикии “Садои Хуросон” фарорасидани солрӯзи милоди бо саодати ҳазрати Имом Зайналобиддин (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.