Июл 19, 2016 10:44 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон дар канори давлати қонунӣ ва миллати Туркия мемонад

Дар пайи вуқӯи кудатои нофарҷом дар Туркия, раиси ҷумҳурии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, бо маҳкумияти кудатои Туркия таъкид кард, ки Эрон дар канори давлат ва миллати Туркия истодааст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳамтои туркиаш итминон дод, ки Эрон дар канори давлати қонунӣ ва миллати Туркия хоҳад монд.

Ба гузориши хабаргузории "Садо ва Симо", Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар тамоси телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ишора ба дифои мардуми Туркия аз демократия ва ва давлати мунтахаби худ гуфт: "Мардуми Туркия дар ҷараёни ин кудато булуғи сиёсии болое аз худ нишон доданд ва собит карданд, ки равишҳои зӯрмадорона дар минтақаи мо ҷойгоҳе надорад".

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ибрози хурсандӣ аз бозгашти субот дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Эрон афзуд: "Мо аз аввалин лаҳазот дар баробари кудато бетафовут набудем ва бо ҳассосият таҳаввулоти Туркияро аз наздик думбол мекардем".

Рӯҳонӣ бо ишора ба аҳамияту ҷойгоҳи Туркия барои Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: "Оромиш ва суботи Туркия муҷиби суботи кулли минтақа хоҳад шуд ва мо тардиде надорем ки бархе аз қудратҳои бузург ва ҳамчунин террористҳо намехоҳанд кишварҳои исломӣ дорои субот бошанд".

Раиси ҷумҳурии Туркия низ дар ин гуфтугӯ бо қадрдонӣ аз ҳамтои эрониаш, кушта шудани беш аз 200 нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 1500 нафар дар кудатои ахир ишора ва таъкид кард: "Тӯпу тонкҳо мумкин аст муҷиби шаҳодати гурӯҳе шаванд, аммо наметавонанд ормони як миллатро аз байн бубаранд".

Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ишора ба бозгашти шароити кишвараш ба ҳолати оддӣ гуфт: "Мо мусаммам ҳастем бо ҳамкории Эрон ва Русия барои ҳаллу фасли масоили минтақа даст дар дасти ҳам диҳем ва барои талошҳоямон дар боз гардонидани сулҳу субот ба минтақа биафзоем".

Барчасп