Август 31, 2016 17:17 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Эрон аз идомаи амалиёти низомии Туркия дар Сурия

Баҳроми Қосимӣ – сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тадовуми ҳузури низомии Туркия дар хоки Сурия ибрози нигаронӣ кард.

Баҳроми Қосимӣ бо таъкид бар зарурати эҳтироми ҳамаи кишварҳо ба ҳаққи ҳокимият ва тамомият арзии Сурия изҳор дошт: Агарчи мубориза бо терроризм ва талош барои ҳифзи субот ва амнияти минтақа як асли ғайриқобили тағйир ва муҳим дар сиёсати хориҷии кишварҳои сулҳталаби минтақа аст, аммо ин мавзӯъ наметавонд ва набояд тавҷеҳе бар нақзи тамомияти арзӣ ва анҷоми амалиёти низомӣ дар қаламрави кишвари дигар бидуни ҳамоҳангӣ бо давлатӣ марказӣ ва беэътиноӣ ба ҳаққи ҳокимияти миллии он кишвар бошад.

Қосимӣ таъкид кард: Дар раванди мубориза бо терроризм ҳар гуна тавассул ба шеваҳое, ки бар ҳокимияти сиёсӣ ва иқтидори машрӯи давлати марказӣ соя афканад, ғайри қобили қабул хоҳад буд.

Сухангӯи Вазорати умури хорҷаи Эрон бо ишора ба инки тадовуми ҳузури низомии Туркия дар хоки Сурия сабаби печидатар шудани авзои минтақа мешавад, афзуд: Густариши доманаи даргириҳо дар шимоли Сурия сабаби кушта шудани ҳарчи бештари инсонҳои бегуноҳ ва ғайринизомӣ мешавад ва лозим аст, урдуи Туркия иқдомоти низомии худро дар Сурия ҳар чи зудтар мутаваққиф созад.

 

Барчасп