Апрел 24, 2018 20:56 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори густариши омӯзиши забони форсӣ дар Туркия

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Туркия густариши барномаҳои омӯзиши забони форсӣ дар ин кишварро хостор шуд.  

Муҳаммадиброҳими Тоҳириёнфард дар Нишасти баррасии вазъияти забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши забони форсӣ дар Туркия гуфт: Масъулони фарҳангии Эрон ба тавсеаи омӯзиши забони форсӣ бисёр мусаммам ҳастанд.

Вай бар таваҷҷуҳи беш аз пеши бунёди Саъдӣ ба осонсозии фаъолиятҳои омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ дар Туркия таъкид кард.

Дар Туркия 500 нафар дар донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши забони форсии вобаста ба хонаи фарҳанги Эрон дар Анкара, Истамбул ва Эрзурум машғули ёдгирӣ ҳастанд.