Зариф: Бо хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, Эрон ҳам хориҷ мешавад
Вазири умури хориҷаи Эрон рӯиз сешанбе дар гуфтугӯ бо “Associated Press” тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сурат хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, ба эҳтимоли зиёд аз ин тавофуқ хориҷ хоҳад шуд.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф таъкид кард, дар ин ҳол Эрон дигар ба ҳеҷ як аз тааҳҳудоти байналмилалии худ таҳти ин тавофуқ пойбанд набуда ва ғанисозиро бисёр фаротар аз маҳдудиятҳое, ки дар ин тавофуқ мушаххас шудааст, аз сар хоҳад гирифт.
Намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳам рӯзи сешанбе дар нишасти Кумитаи муқаддамотии конфронси бознигарӣ дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) дар Женева, таъкид кард, Амрико масъули ҳар гуна паёмади ношӣ аз сиёсатҳои густохона, алайҳи БАРҶОМ хоҳад буд.
Ризо Наҷафӣ, тасреҳ кард, дар ҳоле, ки Эрон дар се соли гузашта ба тааҳҳудот худ дар БАРҶОМ амал карда ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳам аз январи 2016 токунун 10 бор ин масъаларо таъйд карда, аммо Амрико ба унвони яке аз тарафҳои мушорикаткунанда дар БАРҶОМ, ба таври мудом онро нақз кардааст.
Наҷафӣ бо баёни ин ки Вашингтон ба таври вақеҳона барои бархе аз тарафҳои БАРҶОМ муҳлати тағйири яктарафаи шартҳои тавофуқи ҳастаӣ таъйин кардааст, таъкид кард, БАРҶОМ мавриди музокираи муҷаддад ё тағйир қарор нахоҳад гирифт.
Трамп бо иддаои ин, ки тавофуқи ҳастаӣ танҳо манофеи Эронро таъмин мекунад, хоҳони тағйири мафод (бандҳо)-и БАРҶОМ дар ростои манофеи Вашингтон аст.
Дар ҳамин росто, Трамп 12 январ таълиқи таҳримҳои ҳастаии Эронро тамдид кард, аммо шартҳое, аз ҷумла тағйири бархе мафоди БАРҶОМ, дастрасӣ ба сайтҳои низомӣ ва таҳрими мушакии Эронро барои нигоҳ доштани кишвараш дар БАРҶОМ эълом кард.
Ӯ гуфтааст, агар Конгресс ва Аврупо ин шартҳоро муҳаққақ накунанд, дар мавъид баъдӣ (120 рӯзи дигар - 12 май) таълиқи таҳримҳоро тамдид намекунад ва аз БАРҶОМ хориҷ хоҳад шуд.
Коршиканиҳои Амрико дар иҷрои БАРҶОМ бо роҳёбии Трамп ба Кохи Сафед ба таҳдиди лағви ин тавофуқи байналмилалӣ табдил шудааст.
Ҷаҳон хоҳони ҳифзи БАРҶОМ аст.