Рӯҳонӣ: Пули арабҳо ақли Амрикоро рабудааст
(last modified Wed, 25 Apr 2018 10:58:35 GMT )
Апрел 25, 2018 15:58 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Пули арабҳо ақли Амрикоро рабудааст

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Тилои сиёҳ ва ҳисобҳои бонкии садҳо миллиардии арабҳои минтақаи Ховари Миёна ақлро аз Амрико рабудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ойини ифтитоҳи расмии рӯйдоди “Табрез 2018” дар шимоли ғарби Эрон гуфт: Амрикоиҳо фикр мекунанд, барои Ховари Миёна бояд Кохи Сафед тасмим бигирад ва бархе режимҳои фосиди золим бар миллатҳо мусаллат бошанд ва сарвати миллатҳои минтақаро ба яғмо бубаранд.  

Рӯҳонӣ гуфт: Ямани маҷрӯҳ, Ироқи дардманд, Сурияи вайрон, Афғонистони захмӣ, мушкилоти Африқо ва зулми саҳюнистҳо дар Фаластин ба хотири нигоҳи ғалати сардамдорони ғарб аст, ки фикр мекунанд, ҷаҳон бояд бо ирода онҳо гардиш кунад.  

Вай хитоб ба сарони Кохи Сафед гуфт: “Нерӯи мусаллаҳи шумо ба дунболи манбае аст, ки бидуздад ва мегӯед, пул бидиҳед, дар Сурия мемонем, аммо мо ба сароҳат ба шумо мегӯем, агар шумо биравед, амният ба минтақа бармегардад ва дар воқеъ мо ва мардуми Ироқ ва Сурия ҳофизи ин кишварҳо ҳастем на шумо”.

Раисҷумҳури Эрон дар бахши дигари суханони худ, тавсеаи гардишгариро яке аз роҳҳои таомули созанда бо ҷаҳон донист ва гуфт: Гардишгарӣ муҷиби фаҳми дурусти миллатҳо аз ҷаҳон ва таърихи гузашта хоҳад буд.

Табрез, пойтахти гардишгарии кишварҳои исломӣ дар 2018 интихоб шудааст.