Таъкид бар зарурати тавсиаи муносиботи Эрон ва Қирғизистон
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, густариши ҳамкориҳои байни Эрон ва Қирғизистонро дар заминаҳои мухталиф хостор шуд.
Ба гузориши ИРНА, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ - муовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон рӯз чаҳоршанбе дар паёме ба Соронбой Жианбеков - нахуствазири Қирғизистон ба муносибати фаро расидани рӯзи истиқлоли ин кишвар таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба думболи густариши равобит бо Қирғизистон дар ҳамаи заминаҳо, ба вижа сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон дар ин паём ибрози умедворӣ кардааст: Бо талошҳои муштараки масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қирғизистон, равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналамилалии байни ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.
Дар паёми Ҷаҳонгирӣ барои давлат ва миллати Қирғизистон орзуи муваффақият ва сарафрозӣ шудааст.