Зариф: Эрон ҳамкории байналмилалӣ бо Русияро идома медиҳад
Вазири умури хориҷаи Эрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳимоятҳои Русия, ки бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ аз Эрон бахусус дар ҳимоят аз БАРҶОМ сурат мегирад, хурсанд аст ва ин ҳамкориро идома хоҳад дод.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар дидори Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав, пеш аз баргузории нишасти сеҷониба бо Туркия, изҳор кард, Эрон ва Русия дар ростои тақвияти сулҳу амнияти минтақаӣ, байналмиллӣ ва мубориза бо терроризм ҳамкории хубе бо ҳам доштанд, ки шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ, натиҷаи он буд.
Зариф бо баёни ин ки равобити Эрон ва Русия дар беҳтарин вазъияти чанд даҳаи гузашта қарор дорад, ибрози умедворӣ кард, бо иттисоли системаи бонкии ду кишвар ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва молии дуҷониба низ аз гузашта бештар шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба бадаҳдиҳои Амрико дар қиболи БАРҶОМ изҳор кард, бо таваҷҷуҳ ба иқдомот ва пешбиниҳои номуносибе, ки бархе аз аъзои БАРҶОМ доранд, гуфтугуҳо ва ҳамандешиҳои Теҳрон ва Маскав бисёр муҳим ва арзишманд аст.
Сергей Лавров низ дар ин дидор бо баёни ин ки Теҳрон ва Маскав ҳамкории муассир ва муфиде дар мавриди масоили минтақаӣ бахусус дар мавриди дарёи Хазар доранд, гуфт, Эрон ва Русия дар заминаҳои байналмилалӣ бавижа дар заминаи музокироти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия, ҳамкории муфиде бо ҳам доранд, ки Маскав аз Теҳрон барои ин ҳамкорӣ қадрдонӣ мекунад.
Лавров дар бораи БАРҶОМ ҳам гуфт, БАРҶОМ имрӯз дар шароити нигаронкунандае қарор гирифтааст.
Вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти сеҷониба бо вазирони умури хориҷаи Русия ва Туркия дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия, имрӯз (шанбе) вориди Маскав шуд.