Эрон: Натаняҳу дурӯғгӯи варшикаста аст
(last modified Tue, 01 May 2018 07:03:45 GMT )
Май 01, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Натаняҳу дурӯғгӯи варшикаста аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон иддаоҳои ҷадиди нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атомиро дурӯғпардозӣ ва дағалкорӣ хонд.

Баҳроми Қосимӣ бомдоди сешанбе дар вокуниш ба иддаоҳои Бинёмин Натаняҳу гуфт, намоиши хандаовари ахири нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи Эрон даступозаданҳои беҳосили варшикастаи дурӯғпардоз ва расво аст, ки ҷуз дурӯғпарокунӣ ва дағалкорӣ чизе барои арза надошта ва надорад.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ шаби душанбе дар як намоиши таблиғотии ҷадиди зиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо нишон додан аксу CD ва коғаз дар баробари дурбини телевизион иддао кард, Эрон барномаи махфии сохти силоҳи атомӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон андаке пас аз суханронии Натаняҳу дар “Твиттер” иддаои беасоси ӯ ва наздик шудан ба замони тасмими Трамп дар бораи БарҶОМ-ро "ҳамоҳангии хом" хонда навишт, “завқзадагии Трамп пардаҳоро канор зад”. Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам мадорики иддаоии Натаняҳуро қалбакӣ ва сохта хонда гуфт, ин ҳаракати нахуствазири режими саҳюнистӣ як театри тарроҳишуда барои таъсиргузорӣ бар тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи БарҶОМ буд. Федрико Мугарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳам шаби душанбе дар вокуниш ба суханони Натняҳу гуфт, Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ то кунун дар 10 гузориш пойбандии Эронро ба БарҶОМ таъйид кардааст ва Натаняҳу ҳеҷ мадраке, ки нишон диҳад, Эрон БарҶОМ-ро нақз карда, ироа накард.

Режими саҳюнистӣ садҳо кулоҳаки атомиро дар зарродхонаҳои худ анбоштааст.