Май 01, 2018 12:49 Asia/Dushanbe
  • Содироти дору аз Эрон ба Қазоқистон

Эрон яке аз кишварҳоест, ки Қазоқистон доруҳои мавриди ниёз худро аз он таъмин мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Онадурдии Эронпаноҳ, ройзани бозаргонии Эрон дар Қазоқистон гуфт, беш аз 85 дарсад аз доруи мавриди ниёзи Қазоқистон аз роҳи воридот таъмин мешавад ва дору яке аз панҷ колои умдатан воридотии ин кишвар аст. Эронпаноҳ гуфт, тавлидоти дору ва таҷҳизоти пизишкии эронӣ тавони болои рақобатӣ аз лиҳози сифат ва қимат дар бозорҳои минтақа дорад ва ширкатҳои эронӣ метавонанд бозори хубе дар Қазоқистон пайдо кунанд.

Бар асоси омори соли 2016, мизони содироти дору аз Эрон ба Қазоқистон 61 ҳазор доллар будааст ва пешбинӣ мешавад, соли 2018 ин рақам ба ҳудуди як миллион доллар бирасад.