Май 01, 2018 18:09 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон

Сиву якумин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон сешанбе гушоиш ёфт.

Саид Аббоси Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар ойини гушоиши ин намоишгоҳ гуфт: Аз пирӯзии инқилоби исломӣ токунун, як миллиону 230 ҳазор унвон китоб дар Эрон чоп ва мунташир шудааст.

Вай афзуд: Аз як миллиону 230 ҳазор китоби мунташиршуда, 670 ҳазор ҷилд, чопи аввал будааст.  

Сиву якумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз якум то давоздаҳуми май дар Теҳрон доир аст.