Май 04, 2018 16:57 Asia/Dushanbe
  • Қудратамоии бонувони футсоли Эрон дар Ҷоми миллатҳои Осиё

Тими миллии футсоли бонувони Эрон, кори худ дар рақобатҳои қаҳрамонии Ҷоми миллатҳои Осиёро бо пирӯзии муқтадирона дар баробари Туркманистон оғоз кард.

Тими миллии футсоли бонувони Эрон, ки дар нахустин давраи рақобатҳои Ҷоми миллатҳои футсоли бонувони Осиё қаҳрамон шуд, дар нахустин бозӣ дар дувумин давраи ин рақобатҳо дар баробари Туркманистон, ҷашнвораи гол ба роҳ андохт ва ин тимро бо натиҷаи муқтадиронаи 14 бар сифр шикаст дод.

Тими миллии футсоли бонувони Эрон, ки мудофеи унвони қаҳрамонӣ дар рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё аст, рӯзи душанбеи оянда дар дувумин бозии худ дар баробари Узбакистон ба майдон меравад.

Комил Мингозов сармураббии тими милли футсоли бонувони Туркманистон дар бораи дидори тимаш муқобили Эрон гуфт: Рақобат бо тимҳои қудратманд барои Туркманистон, ки дар ҳоли пешрафт буда, хуб аст.

Ҷоми миллатҳои футсоли бонувони Осиё рӯзҳои дувум то 12 моҳи майи ҷорӣ дар Тайланд баргузор мешавад.

 

Барчасп