Сентябр 01, 2016 13:53 Asia/Dushanbe
  • Русия мавозеи Теҳрон ва Маскав дар иҷрои БАРҶОМ-ро ҳамсу эълом кард

Вазорати умури хориҷаи Русия бо ишора ба музокироти муовини вазорати умури хориҷаи ин кишвар бо ҳамтоёни эронии худ дар Теҳрон, эълом кард, ду кишвар дар музокироти анҷом гирифта бар аҳамияти ҳифзи пойдори раванди иҷрои БАРҶОМ, дар дӯрнамои дарозмудати он таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи рӯз панҷшанбеи вазорати хориҷаи Русия дар бораи музокироти Риябков бо Аббоси Ироқчӣ ва Маҷиди Тахтравончӣ, ки дирӯз дар Теҳрон анҷом гирифт, омадааст, ду тараф дар музокироти машрӯҳ, таъкид карданд, ки аҳамияти пойдори раванди иҷрои БАРҶОМ, зомини риояти комили тааҳҳудҳои тамоми тарафҳо дар чорчӯби ин санад аст. Ин баёния ҳамчунин дар бораи мабоҳиси матраҳ дар музокироти Риябков, таъкид кардааст, муовинони вазорати хориҷаи ду кишвар раванди иҷрои БАРҶОМ ва натоиҷи бадаст омада аз оғоз  токунунро баррасӣ карданд. Риябков намояндаи аршади Русия дар музокироти ҳастаииТеҳрон ва 5+1 ва узви комиссияи муштараки раванди иҷрои БАРҶОМ аст. Теҳрон ва Маскав дар заминаи тавлиди изотопҳои пойдор ҳамкорӣ мекунанд ва дар ҳамин ҳол, фурӯши 39 тон оби сангини Эрон ба Русия ҳам дар ҳоли тайи мароҳили ниҳоӣ аст. Афзун бар ин, ду кишвар дар ҳоли ниҳоӣ кардани музокирот барои эҳдоси ду воҳид нерӯгоҳи атомӣ ҳастанд, ки ҳазинаи мавриди ниёзи он ҳудуди 10 миллиард доллар баровард мешавад.

 

 

Барчасп