Ҷаҳонгирӣ таъйини нахуствазири Қирғизистонро табрик гуфт
(last modified Sat, 05 May 2018 12:31:47 GMT )
Май 05, 2018 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ таъйини нахуствазири Қирғизистонро табрик гуфт

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба Муҳаммадалӣ Абулғозиев, интисоб (таъйин)-и вайро ба мақоми нахуствазирии ҷумҳурии Қирғизистон табрик гуфт.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ зимни табрик ба нахуствазири Қирғизистон ибрози умедворӣ кард, ду кишвари Эрон ва Қирғизистон шоҳиди тавсеаи равобит дар ростои манофеи муштарак ва эҳтироми мутақобил бошанд.

Муҳаммадалӣ Абулғозиев, раиси собиқи дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон бо таъйиди парлумон ва Сооронбай Жээнбеков, раисиҷумҳур ба мақоми нахуствазирии ин кишвар мансуб шуд.