Руҳонӣ: Хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ пушаймонии таърихӣ хоҳад дошт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i33726-Руҳонӣ_Хуруҷи_Амрико_аз_БАРҶОМ_пушаймонии_таърихӣ_хоҳад_дошт
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба БАРҶОМ ва мавзеъгириҳои раиси ҷумҳурии Амрико, ҳушдор дод: Хуруҷи Трамп аз БАРҶОМ, пушаймонии таърихӣ барои Амрико дар пай хоҳад дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 06, 2018 08:47 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ пушаймонии таърихӣ хоҳад дошт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба БАРҶОМ ва мавзеъгириҳои раиси ҷумҳурии Амрико, ҳушдор дод: Хуруҷи Трамп аз БАРҶОМ, пушаймонии таърихӣ барои Амрико дар пай хоҳад дошт.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи якшанбе дар нахустин рӯзи сафар ба Хуросон Разавӣ дар ҷамъи мардуми Сабзавор, ғарби Эрон гуфт: Амрико ҳамеша алайҳи миллати Эрон фитна карда, аммо ҳеҷ гоҳ дар баробари азамати Эрон муваффақияте ба даст наёвардааст.

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: Ба миллати Эрон ба сароҳат мегӯям аз чанд моҳ пеш тамоми дастуроти лозим ба бахшҳои иҷроии кишвар ва низ созмони энержии атомӣ иблоғ шуда ва чанд рӯз пеш низ бо масъулони аршади ин созмон сӯҳбат кардаам.

Доктор Руҳонӣ ёдовар шуд: Соли 1392 шамсӣ бинои давлат ва миллати Эрон дар хусуси БАРҶОМ, мубориза бо эронҳаросии дурӯғини Амрико ва режими саҳюнистӣ ва исботи ин ҳақиқат ба дунё буд, ки миллати Эрон, миллате сулҳталаб аст.

Ӯ бо таъкид бар инки муваффақ шудем сиёсати хориҷиро бо ҳазинаи камтар ва иззату сарбаландӣ пеш бибарем, афзуд: Мо бо БАРҶОМ мехостем ба мардуми дунё бигӯем таҳрими ҳастаӣ алайҳи Эрон кори иштибоҳе буда ва дунё бояд аз ин тарҳи иштибоҳи худ ақибнишинӣ кунад.

Рӯҳонӣ соли 1392 шамсиро соли бардоштан нахустин қадами рафъи таҳрим дар Эрон хонд ва афзуд: Пас аз он, бахше аз таҳримҳо дар заминаи петрошимӣ, худравсозӣ ва филизоти гаронбаҳо шикаста ва бахши дигаре ҳам ду сол баъд тайи тавофуқи ниҳоӣ бо шаш қудрати бузурги дунё бардошта шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дод: Пас аз БАРҶОМ, содирот ва фурӯши нафт, ду баробар ва мубодилоти банкӣ бо дунё оғоз шуд, бима шароити олии худро пайдо кард ва содироту воридот дар масири дурусти худ қарор гирифт.

Ӯ идома дод: Ин дар ҳоле аст, ки амрикоииҳо дар ҳамаи мароҳил ба тааҳҳудоти худ дуруст амал накарданд ва коршиканӣ карданд.