Қосимӣ: Амрико дар сурати хуруҷ аз БАРҶОМ товони сангине хоҳад дод
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Амрико дар сурати хуруҷ аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) товони сангине пардохт хоҳад кард.
Баҳроми Қосимӣ дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи ояндаи БАРҶОМ ва хуруҷи эҳтимолии Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ афзуд: БАРҶОМ вижагиҳои хоси худашро дорад ва хуруҷ аз он ба содагӣ имконпазир нест.
Ӯ бо баёни инки аз замони рӯи кор омадани Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико, масъалаи хуруҷ аз БАРҶОМ матраҳ будааст, тасреҳ кард: Тамоми сенарияҳо дар ин бора пешбинӣ шудааст.
Қосимӣ таъкид кард: Эрон нахустин кишвари нақзкунандаи БАРҶОМ нахоҳад буд, зимни инки агар дар оянда ин тавофуқи байналмилалӣ барои ҷумҳурии исломӣ манфиате надошта бошад, дар бораи он тасмимгирӣ хоҳад шуд.