Май 08, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
  • Поёни ёздаҳумини Иҷлоси гуфтугӯи Ислом ва калисои ортодокси Русия

Ёздаҳумин Иҷлоси гуфтугӯи муштараки Ислом ва калисои ортодокси Русия дар Теҳрон бо интишори баёнияе ба кори худ поён дод.

Дар иҷлоси серӯзаи гуфтугӯи Ислом ва калисои ортодокси Русия бо мавзӯи адён ва муҳити зист, ки имрӯз, душанбе, ба поён расид, андешамандону соҳибназарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, намояндаи мазҳабии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия ҳузур доштанд ва мақолаву суханрониҳои тахассусӣ баён шуд.

Дар баёнияи поёнии ин нишаст зимни таъкид бар зарурати парҳез аз тасарруфи ноодилона ва хароб кардани табиат, ҳар гуна нобудии табиат ва ё истифодаи номуносибу беравия аз он хилофи дастуроту омӯзаҳои динӣ эълом шуд.  Дар бахши дигаре аз ин баёния омадааст: “Дар чолиши бузурги муҳитзистии ҷаҳон, ки ҳаёти башарӣ ва амнияти байналмилалиро таҳдид мекунад, бояд аз ҳама зарфиятҳои байналмилалӣ барои рафъи ин чолиш ва ҷилавгирӣ аз сиёсатҳои нобудгари муҳити зист дар қолаби ҳамкориҳои дастҷамъӣ истифода шавад ва раҳбарони адён дар ин замина метавонанд нақши муҳиме ифо кунанд”.

Дувоздаҳумин даври гуфтугӯи андешамандони мусалмони Эрон ва калисои ортодокси Русия соли 2020 дар Русия баргузор хоҳад шуд.